LIVE

50 голи футболбози португалӣ бо пероҳани «МЮ»

Дар бозии даври 35-уми чемпионати Англия «Манчестер Юнайтед» дар майдони худ «Брентфордро» қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и Манчестер баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Дар дақиқаи 9-уми бозӣ нимҳимоятгари португалӣ Бруно Фернандеш як гол зад, ки барои ӯ ин гол барои «Манчестер Юнайтед» дар тамоми мусобиқаҳо 50-ум маҳсуб мешавад. 
Фернандеш 29 январи соли 2020 ба маблағи тақрибан 60 миллион евро аз «Спортинг» ба «Манчестер Юнайтед» гузашт. Дар мавсими ҷорӣ Португалия дар ҳайати даста 34 бозӣ гузаронида, 10 гол ва 6 партофти головар кардааст.
Бруно Фернандеш бо «Манчестер Юнайтед» то 30 июни соли 2026 шартнома дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив