LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳ дар Кувайт баргузор мешавад роҳ ёфт.
Дастаи мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бар Непал (11:1) пирӯз шуда, бо Афғонистон мусовӣ (4:4) кард ва аз Ӯзбекистон (2:5) шикаст хӯрд. Дар натиҷа миллипӯшони тоҷик чаҳор имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвал зинаи дуюмро касб намуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив