LIVE

“Монако” хати ҳамлаашро пурқувват мекунад

Нишонзани “Севиля” Виссам Бен-Йеддер наздик аст, ки футболбози “Монако” шавад. Мувофиқи хабарҳои охирин Бен-Йеддер айни ҳол дар Фаронса қарор дошта, аз муоинаи тиббӣ гузашта истодааст. Маблағи гузариши бозигари 29-сола 40 млн евроро ташкил хоҳад дод.
Мавсими гузашта барои Бен-Йеддер яке аз мавсимҳои беҳтарин дар корномаи варзишиаш дониста шуд, зеро бозигари мазкур дар 35 бозии чемпионати Испания 18 голро ба самар расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив