LIVE

Дар Душанбе "Академияи футболи Ювентус" кушода мешавад

“Барои нахустин бор дар Тоҷикистон Академияи касбии футболи “Ювентус” барои ҷавонони аз 5 то 15-сола ифтитоҳ мегардад. Барои кӯдакону наврасон ин як имконияти хубест, то  ки рӯҳияи футболи аврупоиро эҳсос кунанду нерӯи варзишӣ гиранд. Дар академия беҳтарин шароитҳо муҳайё шуда, кӯдакон имконият доранд, ки дар тамоми фасли сол машғули бозии дӯстдоштаи худ шаванд.  Аз паҳлӯи фароғатӣ ва эҷодии бозӣ сар карда, бозигарон ба фаъолиятҳое машғул мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо дар муҳити бехатар ва амн мусоидат мекунанд. Ин лоиҳа барои расонидани усули “Ювентус” ба кӯдакон  дар саросари ҷаҳон таҳия шудааст”,-омадааст дар сомонаи инстаграми академия.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив