LIVE

6-умин Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ доир шуд

       16 декабр дар шаҳри Душанбе шашумин Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гашт. 
Дар ин ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони кишвари Туркманистон бошанд, ба таври онлайн ҳузур доштанд. Қобили зикр аст, ки дар шашумин Конгресс Меҳдии Тоҷ ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок дошт.
Конгресс бо суханронии муҳтарам Рустами Эмомалӣ - Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Зимни баромади худ  муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки  соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем, мусобиқаҳои зиёдеро баргузор намуда, шукуҳи футболи Осиёи Марказиро барқарор намоем. 
    Яке аз мавзӯъҳои асосии Конгрес будҷаи молии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, тариқи овоздиҳии умумӣ қабул гардид.  Пас аз қабули будҷа иштирокчиён назару андеша ва пешниҳодоти худро ба Президенти ташкилот пешниҳод намуда, хостори баргузории мусобиқаҳои бештар ва дар сатҳи боз ҳам баландтарро шуданд. 
     Ҳамин тавр, дар шашумин Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тасмим гирифта шуд, ки дар соли 2022 ҳашт мусобиқаи байналмилалӣ баргузор карда шавад. Хабари хуше ҳам, ки метавонад мухлисони футболи кишварро шод кунад, ин буд, ки  Ҷоми Наврӯз оид ба футбол миёни мунтахабҳои кишварҳои узв баргузор мешавад. Ин мавзӯъ аз сӯи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва намояндагони кишварҳои узв мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.
    Конгресси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар анҷоми ҳар сол баргузор мешавад. Панҷумин Конгресси ин Ассотсиатсия дар соли қаблӣ ба хотири мушкилоти пандемия ба таври онлайнӣ сурат гирифта буд.  Ёдовар мешавем, ки  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ соли 2014 ташкил шуда, соли 2019 дар чорумин конгресси он муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо овоздиҳии якдилона Президенти ин ташкилот интихоб шуда буд.  Аз он замон то кунун шаҳри Душанбе чандин маротиба макони баргузории мусобиқаҳои байналмилалии футбол миёни кишварҳои узви Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив