LIVE

Расвоӣ барои гузариши Гризманн, бозгашти Буффон ва дигар ҳангомаҳои трансферҳои моҳи июл

 
  Стефан Эл-Шаарави («Рома» — «Шанхай Шэнхуа»)
Гузариши Эл-Шаарави ба дастаи “Шанхай Шэнхуа”  яке аз трансферҳои гайриинтизории тобистон ба ҳисоб меравад. Санаи 28-уми июн футболбози итолиёвӣ иброз намуд, ки гузаштани ӯ ба кишвари Чин ғайримкон аст.  “Ман хоҳиши тарк кардани Аврупоро надорам. Мехоҳам чанд соли дигар дар сатҳи балндтарин бозӣ кунам. Барои куллан тағйир додани корномаам хело барвақт аст. Дар ин синну сол (ӯ 26 сола аст) ман ба Чин намегузарам”. – қайд кард Эл-Шаарави. Вале бо гузашти начандон муддати зиёд ба Эл-Шаарави пешниҳоде шуд, ки футболбози итолиёвӣ он даст кашидан натавонист.  Санаи 8-уми июл нимҳимоягар расман футболбози дастаи “Шанхай Шэнхуа” гардид. Бо дастаи нав Эл-Шаарави шартномаи сесола имзо намуд ва дар як сол 10 млн долларро ба даст хоҳад овард. 
Киран Триппйер («Тоттенхэм» — «Атлетико Мадрид»)
Рафтани Триппйер аз дастаи шаҳри Лондон то андозае ғайриоддӣ буд. Сараввал Киран дар сомонаи иҷтимоии “Инстаграм” бо ҳамдастагони лондонияш хайрухуш карда, ба ҷои нишонаи (теги) дастаи “Тоттенхэм” нишонаи бошгоҳи НБА  “Сан-Антонио Спёрс” –ро гузошт. Баъдан дар мусоҳиба атрофи фазои номусоиди дохилии дастаи собиқи худ ҳарф зад. “Дар пушти пардаҳои  “Тоттенхэм” бисёр воқеоте рух доданд, ки ман рушод онҳоро гуфтан наметавонам. Танҳо ҳаминашро қайд мекунам, ки маҳз ин ҳодисаҳо боиси рафтани ман аз даста гардиданд”, – иброз дошт Триппйер. Ба ҳар ҳол ин трансфер барои ҳар ду ҷониб муфид буд. “Атлетико”  бозигари хуби канориро ба даст овард, ки маҳорати иҷрои вазъиятҳои стандартӣ дорад. Киран  бошад имконияти сайқал додани маҳораташро пайдо намуд. Бо дастаи нав бозигари англис шартномаи сесола имзо намуд.    
Набил Фекир («Лион» — «Бетис»)
Гузариши Фекир мисоли возеҳ барои футболбозоне аст, ки ҳангоми дар формаи хуби варзишӣ қарор доштан, наметавонанд дастаашонро иваз кунанд. Соли гузашта топ-дастаҳо, ки яке аз онҳо “Ливерпул” буд, ба  шикори Фекир баромаданд. Мерсисайдиҳо баҳри харидории Фекир омода буданд, то ҳамёни худро аз 70 млн евро  холӣ кунанд, вале бозигари фаронсафӣ аз муоинаи тиббӣ нагузашт.  Моҳи июли соли ҷорӣ бошад,  ҳамагӣ бо нархи 19,75 млн евро Фекир ба дастаи “Бетис” гузашт.  
Тангай Н'Домбеле («Лион» — «Тоттенхэм»)
Билохир тобистони ҷорӣ “Тоттенхэм” аз хоби трансферӣ, ки 18 моҳ идома ёфт, бедор шуд. Баъд аз харидории вингери “Лидс” Ҷек Кларк  “Тоттенхэм” нимҳимоягари 22-солаи дастаи “Лион”  Н'Домбелеро бо нархи 60 млн евро харид ва то соли 2025 бо ӯ шартнома имзо намуд. 
Диего Годин (агенти озод  – «Интер», дастаи қаблӣ — «Атлетико Мадрид»)
Шарафи “Атлетико” –ро футболбози 33 солаи уругвайӣ 9 сол ҳимоя намуд. Новобаста ба он ки соли гузашта Годин сарвони тими “Атлетико”   гардид, роҳюбарияти дастаи шаҳри Мадрид шартномаро бо дифоъгар тамдид накард. Дар “Атлетико”   ба футболбозоне, ки синнашон аз 30 болост, танҳо шартномаи яксола пешниҳод мегардад. Диего Годин чунин пешниҳодро рад намуд ва ба қарори тарк  намудани даста омад. Моҳи июл ӯ бо дастаи “Интер” шартномаи сесоларо имзо кард.  
Ҷанлуиджи Буффон (агенти озод – «Ювентус», дастаи қаблӣ  «ПСЖ»)
Ҷудоии Буффон ва “Ювентус” танҳо як сол давом ёфт. Дарвозабони 41 сола ҳамчун агенти озод ба “Ювентус” баргашт ва ба муддати як сол шартнома имзо намуд. Ба дастаи дӯстдоштааш Ҷиҷи хоксорона ва бе сару садои баланд  баргашт. Ӯ пешниҳоди Ҷорҷо Кйеллиниро, ки мехост бозувонаи капитаниро ба Буффон диҳад, рад намуд. Ҳамчунин аз гирифтани пироҳан бо рақами як, ки айни ҳол бо он Войсех Шенсни бозӣ мекунад, даст кашид. 
Родриго Эрнандес («Атлетико Мадрид» — «Манчестер Сити»)
Трансфери Родириго Эрнандес гаронарзиштарин дар таърихи “Манчестер Сити” гардид. Баҳри харидории ин футболбоз “шаҳриҳо”  ба хазинаи “Атлетико”   70 млн евро пардохт карданд. Шартномаи ӯ муддати 5 сол амал мекунад. Дар симои бозигари  23-сола Хосеп Гвардиола Бускетси нав меҷӯяд. Ниммуҳофизатгари ҷавон натанҳо дар тахрибкорӣ, балки дар ҳуҷум ҳам маҳорати хуб дорад. Ӯ дар “Манчестер Сити” ҷойгузини Фернадинйои 34-сола хоҳад шуд.  
Маттейс де Лигт («Аякс» — «Ювентус»)
Ҳанӯз пеш аз оғози мавсими хариду фурӯши бозигарон маълум буд, ки де Лигт  “Аякс”-ро тарк хоҳад кард. Дастаҳои абарқудрат, аз зумраи “Барселона”, “ПСЖ” мехостанд ҳимоягари ҳолландиро ба даст оранд. Новобаста ба ҳама Маттейс “Ювентус”-ро интихоб намуда  шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд. Маблағе, ки бянконерри барои харидории ин футболбоз харҷ намуданд, 75 млн евро мебошад. 
Жоау Фелиш («Бенфика» — «Атлетико Мадрид»)
Новобаста ба он ки тинейҷери 19-сола дар ҳайати “Бенфика” танҳо 43 бозӣ намуд,  ӯ ба номаш 20 гол ва 11 ирсоли голбахшо сабт кард. “Атлетико” барои харидории футболбози ҷавон маблағи ҳангуфти 126 млн евро пардохт намуд. Ҳамин тавр дар таърихи “колченарос ” Фелиш гаронарзиштарин трансфер гардид. Ҳамчунин то ин дам ягон бозигари португалиро бо чунин нархи гарон харидорӣ накардаанд. Фелиш аллакай собит сохта истодааст, ки маблағи пардохткардаи “Атлетико” беҳуда набуд. Дар бозӣ бар муқобили “Реал” ӯ 2 партофти головар ва як голро ба номаш сабт намуд. Ҳамчунин дар бозӣ бар зидди ситораҳои МЛС футболбози поругалӣ 1 гол ва 1 ирсоли голбахшоро марбути номи худ кард.  
Антуан Гризманн («Атлетико Мадрид» — «Барселона»)
Трансфери  Антуан Гризманн ба «Барселона» пурсаросадотарин гузариши моҳи июл ба ҳисоб меравад. Бозигари фаронсавӣ ба ҷамъомади тамринии пешазмавсимӣ ҳозир нашуд ва тавассути намояндаҳои хеш ба роҳбарияти дастаи “Атлетико” пайёме фиристод, ки шартномаашро худаш харидорӣ мекунад. Гризманн маблағи 120 млн евроро пардохт намуд ва бо дастаи “Барселона” ба муддати 5 сол шартнома имзо кард. Новобаста ба ин трансфери Гризманн метавонад бекор шавад. Роҳбарияти “Атлетико” бар он аст, ки “Барселона” ҳанӯз моҳи март бо Гризманн шартнома ба имзо расонд. Он замон нақдинаи Гризманн 200 млн евроро ташкил медод. Ба ҳамин хотир дастаи каталонӣ бояд 80 млн еврои дигарро ба хазинаи дастаи шаҳри Мадрид пардохт намояд. Тибқи гуфтаҳои президенти Ла Лига Хавйер Табарес, мақомоти дахлдор атрофи гузариши Гризманн тафтишот бурда истодаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив