LIVE

11 дастаи иштирокчии плей-оффи Лигаи чемпионҳо муайян шуд

Даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2021/2022 ба анҷом расид. Дар натиҷа, якбора  11 даста ба худ роҳхати  плей-оффро кафолат доданд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз оғози даври 5-ум дастаҳои "Баварияи Мюнхен", "Ювентус", "Ливерпул" ва "Аякс" ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буданд. 

Ҳамакнун "Манчестер Юнайтед", "Челси", "Интер", "Реал Мадрид", "Манчестер Сити", "ПСЖ" ва "Спортинг" ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дастаҳои зерин ба Лигаи Аврупо пеш аз муҳлат баромаданд: "Зенит", "Шериф" ва "Боруссия Дортмунд". Барои баромадан ба мусобиқаҳои аврупоии имсола   «Шахтёр», «Динамо»-и Киев, «Бешикташ» ва  «Малмё» дигар имконият надоранд.

Даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА рӯзҳои 7-8 декабр баргузор мешавад. Плей-офф соли оянда оғоз мешавад. Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА – 2022 28 майи соли 2022 дар варзишгоҳи “Газпром Арена”-и Санкт-Петербург дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив