LIVE

Мусовии Бухорою Навбаҳор ва аввалин рақобати футболбозони тоҷик

Шоми гузашта бозии даври 15-уми мусобиқаи Суперлигаи Ӯзбекистон миёни дастаҳои "Бухоро" ва "Навбаҳор" сурат гирифт. Аз ҳайати ҳарду даста аз дақиқаҳои аввали рақобат ду футболбозони тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев ва Амирбек Ҷӯрбоев ба майдон омада, 90 дақиқа ҳунарнамоӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо муссовӣ 0:0 хотима ёфт. Ин дидор барои ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев аввалин бозӣ бо пироҳанҳои дастаи "Навбаҳор" буд. Дастаи "Бухоро"-и Муҳсин Муҳаммадиев бо касби 11 имтиёз дар зинаи 13-ум ҷой дорад. Бошгоҳи "Навбаҳор" бо 22 хол мақоми 6-умро ишғол намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив