LIVE

Инфантино "Истиқлол"-ро табрик гуфт

Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино дар робита ба пирӯзии пеш аз муҳлати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи шодбошӣ ирсол кард.
Дар номаи Инфантино, ки ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ирсол шудааст, аз ҷумла гуфта шудааст:
«Ҷаноби Президент!
            Иҷозат диҳед, бошгоҳи футболи «Истиқлол»-ро барои қаҳрамони мавсими 2021 шудан табрику муборакбод намоям. Ин унвон бешубҳа, натиҷаи меҳнату ғайрат ва фидокорист.  Ман аз номи ҷомеаи ҷаҳонии футбол бо истифода аз фурсат ба Шумо ва Федератсияи Шумо барои рушд ва шукуфоии футбол дар Тоҷикистон, минтақа ва дар саросари ҷаҳон ташаккур мегӯям. Бесаброна интизори вохӯрӣ бо шумоям.

                                    Бо эҳтиром Инфантино»

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив