LIVE

Тоҷикистон дар CAFA-2021 дуюм шуд

Мунтахаби наврасони то 15-солаи Эрон  бозии охирини худро дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо мунтахаби Қирғизистон доир кард. Вохӯрии ин ду мунтахаб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд. Бозӣ бо ғалабаи наврасони Эрон хатм шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 32-юм Исмоил Ғулизода боз намуд.  Дар дақиқаи 40-уми вохӯрӣ нимҳимоятгари наврасони Эрон Самир Ҳубоботӣ бартарии дастаашро дуболо намуд. Қисми аввал бо бартарии ду голи Эрониҳо хотима ёфт. Дар оғози қисми дуюм Исмоил Ғулизода муаллифи дубл шуд. Ҳисоб 3:0 гардид. Ирфон Дарвиш Алӣ сарбони мунтахаби наврасони Эрон дар дақиқаи 54-ум баъди аз зарбаи кунҷӣ ворид намудани тӯб голи навбатии тимашро ба ҳадаф расонид. 5 дақиқа баъд яке аз бозингарони фаъоли майдон Ризо Қандипур ҳамаи ҳимоятгарони рақибро ба ғафлат гузошта, ҳисоби бозиро 5:0 намуд. Дар дақиқаи 67-ум Касро Тоҳирӣ голи шашуми наврасони Эронро муаллифӣ намуд. Алӣ Раҳмоннажод  ҳисобро то ба 7:0 расонд. Нуқтаи охир ва голи ҳаштуми дидорро Касро Тоҳирӣ гузошт. Бозӣ бо ғалабаи бузурги наврасони эронӣ хатм шуд.  
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бошад, дар бозии охири мусобиқот бо  яккачини Ӯзбекистон нерӯ санҷида, бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардид. 
Дар натиҷа дастаҳои Эрон ва Тоҷикистон бо 7 имтиёзӣ мутаносибан  зинаҳои якуму дуюмро ишғол карданд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо эрониҳо ғолиби CAFA-2021 гардид. Футболбозони тоҷик ҷойи дуюро ишғол карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив