LIVE

Муҳсин Муҳаммадиев сафири "Париматч" дар Осиёи Марказӣ

Собиқ футболбози дастаи "Помир"-и Душанбе ва мунтахаби Тоҷикистон  Муҳсин Муҳаммадиев  сафири "Париматч" дар Осиёи Марказӣ таъйин карда шуд. 4 ноябр  дар ҳузури намояндагони ВАО   шартномаи ҳамкорӣ миёни "Париматч" ва Муҳсин Муҳаммадиев ба имзо расид.
Дар нишасти матбуотӣ  намояндагони ширкати букмекерии мазкур ширкат намуда, иброз намуданд, ки аз ҳамкорӣ бо собиқадори футболи тоҷик шод буда, умедворанд, ки якҷо метавонанд дар рушди футбол саҳмгузор бошанд.
"Мо мехоҳем, то  насли наврас қаҳрамону нобиғаҳои худро фаромӯш накарда, онҳоро бипазиранд ва эҳтиром намоянд", - афзуд директори генералии "Париматч"
Дар навбати худ   Муҳсин Муҳаммадиев ба хотири ҳамкорӣ  миннатдорӣ намуда, ба ширкат  бурдбоириҳоро таманно намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив