LIVE

"Арал" барандаи Ҷоми вилояти Хатлон дар соли 2021 шуд

Бозии ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон-2021 бо иштироки ду дастаи Лигаи дуюм – “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадонӣ ва “Арал”-и ноҳияи А. Ҷомӣ доир гардид.  Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор гашт, ки бо ҳисоби 2:0 бар суди дастаи "Арал" ба анҷом расид. Бо ҳамин, дастаи "Арал" барандаи Ҷоми вилояти Хатлон-2021 гардид, ки бо Ҷом, Ифтихорнома ва медалҳои тилло қадрдонӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар фарҷоми мусобиқа маросими ҷоизасупории Ҷоми вилояти Хатлон-2021 бо иштироки  роҳбарияти Федератсияи футболи вилояти Хатлон, намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, собиқадорони футболи вилоят ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив