LIVE

Раҳим Стерлинг мафтуни “Камп Ноу” ва «Барселона» аст

Раҳим Стерлинг мафтуни бозӣ кардан дар дастаи «Барселона» аст. Ҳамлавари “Ман Сити” ва тими миллии Англия омодааст, ки бо вуҷуди мушкилиҳои молиявии дастаи каталонӣ узви каталониҳо шавад.  
Матбуоти Испания дар бораи гузариши Раҳим Стерлинг аз “Манчестер Сити” ба “Барселона” овозаҳо паҳн мекунанд.
Тавре Sport.es хабар додастд, клубҳо масъалаи интиқоли футболбозро баррасӣ мекунанд. Гузариш метавонад дар моҳи январ ба анҷом расад.
Дар бораи худи Стерлинг бошад, футболбоз барои  кӯч бастан  ба “Камп Ноу” зид нест. 
Раҳим  бо "Сити" то соли 2023 шартнома дорад ва арзиши ӯ 90 миллион евро гуфта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив