LIVE

Мутахассиси тоҷик дар дастаи “Зенит”-и Санк Петербург

Бо кумак ва дастгирии Федерасияи футболи Тоҷикистон мутахассиси таҷрибадор, сармураббии тими миллии ҷавонони зери 23 сола Мубин Эргашев тули ду ҳафта мешавад, ки дар бошгоҳи “Зенит”-и шаҳри Санк Петербург таҷрибаомузӣ дорад.
Дар вакти таҷрибаомузӣ Эргашев дар машку тамрини “Зенит” ва бозиҳои расмии он ширкат мекунад. Ин мутахассиси 47 солаи тоҷик боз дар бозиҳои дастаҳои  Лигаи бартари Русия ширкат намуда, бозиҳоро таҳлил ва такмили дониш мекунад. Ӯ аллакай дар бозиҳои тимҳои “ССКА”, “Спартак” – “Торпедо”-и шаҳри Москва ва “Оренбург”-и вилояти Оренбург ҳузур доштааст.
Бояд ёдовар шуд, ки Мубин Эргашев ҳоли ҳозир яке аз аввалин мураббиҳое тоҷик шинохта мешавад, ки иҷозаномаи мураббигии дараҷаи ПРО-и Конфедератсияи футболи Аврупоро ба даст дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив