Пас аз қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон муайян шуданд. Дар даври интихобӣ яккачини кишвар шомили гурӯҳи “А” гардида, бо тимҳои миллии Ӯзбекистон, Непал ва Афғонистон рақобат мекунад. Аз минтақаи мо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.