LIVE

"Реал Мадрид" аз Мбаппе даст кашиданӣ нест

Дастаи “Реал Мадрид” дар муддати наздик як кӯшиши дигар барои ба даст овардани ҳамлагари 22-солаи фаронсавии “Пари Сен-Жермен” Килиан Мбаппе мекунад. Дар ин бора журналисти итолиёвӣ Никола Скира дар “твиттер”-аш хабар медиҳад.

Аз рӯи иттилои манбаъ, “дастаи шоҳона” пешниҳоди наверо омода карда истодааст. Роҳбарияти “ПСЖ” мехоҳад на камтар аз 215 млн евро ба даст биёрад. “Реал” аллакай бо худи бозигар ба мувофиқа расидааст. Шартнома то соли 2027 бо 35 млн евро дар як сол баста мешавад.

Чи тавре ки рӯзноманигор қайд мекунад, яке аз аъзои оилаи молики “ПСЖ” гуфтааст, ки Мбапперо бо нархи 180 млн евро+як бозигари “Реал” хоҳем фурӯхт.      

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив