LIVE

Сиссоко аз "Тоттенхэм" рафт

Ҳимоятгари “Тоттенхэм” Мусса Сиссоко фаъолияти варзишиашро дар “Уотфорд” давом медиҳад, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳ.

Футболбози 31-сола бо “Уотфорд” қарордоди дусола ба имзо расонид. Дар дастаи наваш Сиссоко таҳти рақами 19 бозӣ хоҳад кард. 

Нимҳимоятгари фаронсавӣ аз соли 2016 дар “Тоттенхэм”-и Лондон бозӣ мекунад. Шартномаи охирини футболбоз бо даста то соли 2023 ҳисоб карда мешуд.

Дар мавсими гузашта Сиссоко дар 42 бозии Премйер Лигаи Англия бозӣ карда, ба задани 1 гол ва 1 партофти головар даст ёфта буд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив