LIVE

Роналду барои "Ювентус" нодаркор шудааст

Marca менависад "Ювентус"  то ҳол масълаи фурӯши Криштиану Роналдуро  баррасӣ дорад. 
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи туринӣ бар ин назаранд, ки рафтани Роналду метавонад ба мавқеи даста таъсири мусбат расонад. "Ювентус" аҳамияти португалиро дарк мекунад, аммо рафтани ӯ барои ислоҳоте, ки сармураббии даста Массимилиано Аллегри талаб мекунад, маблағи назаррасро сарфа мекунад.
Мушкилии асосӣ набудани пешниҳодҳо барои Роналду аст, аммо туриниҳо омодаанд, ки  интизор шаванд. Равзанаи трансферӣ дар Аврупо то 31 август кушода аст.

Ёдовар мешавем, ки Роналду аз соли 2018 дар дастаи “Ювентус” бозӣ мекунад. Ҳамлагари 36-солаи португалӣ дар мавсими гузашта бо 29 гол  нишонзани беҳтарини чемпионати Италия гардид. Шартномаи феълии Роналду бо бошгоҳи итолиёвӣ то 30 июни соли 2022 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив