LIVE

Мусоҳибаи собиқ бозигари эронии "Истиқлол" Маҳдии Чоҳҷӯйӣ

Собиқ бозигари эронии "Истиқлол" - Маҳдии Чоҳҷӯйӣ, дастаи "Истиқлол"-ро як дастаи хатарноки дорои барномаи хуб тавсиф мекунад, ки метавонад "Персеполис" -ро дар хонааш то ҷое мумкин аст, ба мушкил рӯбарӯ кунад. Сайти хабарии “Варзиши се” овардааст, ки ҷадвали Лигаи қаҳрамонҳои АФК тавре ба анҷом расид, ки "Персеполис", қаҳрамони чаҳор фасли охири футболи Эрон ва финалисти соли гузаштаи рақобатҳои Лиги қаҳрамонони Осиё бояд ба масофи Истиклоли Тоҷикистон, ки як падидаи дурахшони мусобиқоти гурӯҳӣ буд, биравад. 
Маҳдии Чоҳҷӯйӣ собиқ бозигари Истиклоли Аҳвоз аст, ки чанд муддат дар саҳнаи рақобатҳои лигаи бартари Тоҷикистон ҳам ҳунарнамоӣ кардааст ва акнун ҳамроҳи бародараш дар Таиланд ба касби худ давом медиҳад. Ӯ, ки бо фарҳанг ва футболи Тоҷикистон ошно аст, дар бораи чӣ гуна дар футболи Тоҷкистон зоҳир шуданаш сӯҳбат оғоз кардем. Мусоҳибаи ҷолибест, таърихи аҷоиби ин варзишгари эронӣ ва фарҳанги футболи Тоҷикистонро хуб шарҳ медиҳад.
Чӣ воқеъае рух дод, ки аз лигаи Тоҷикистон сар баровардед? 
Чоҳҷӯйӣ: Кор аз он оғоз ёфт, ки як дӯсти ман, ки дар тими наврасони Абумуслим ҳамбози ман буд, дар дастаи "Равшан"-и Кӯлоби Тоҷикистон бозӣ мекард. Мо дар тамос будем ва вақте баргашт, вазъро пурсидам ва ӯ таърифҳои хеле хуб гуфт. Он вақт ман 21-сола будам. Вақте ки ӯ аз футболи тоҷик дар маҷмӯъ баргашт ва мехост дар Эрон бозӣ кунад, ман шавқ пайдо кардам ва хостам, ки берун аз Эрон бозӣ кунам. Ман дар бораи Тоҷикистон ҳич иттилое надоштам. Аз дӯстам хоҳиш кардам, ки ба ман нақл кунад ва бо равобите ки дошт, истифода карда,  маро бо "Истиклол"-и Тоҷикистон муаррифӣ кард. Онҳо таваҷҷуҳ карданд, муҳокима ҷиддитар шуд ва шарҳиҳолномаи маро дархост карданд. Истиқлолиҳо барои омодагӣ ба Ҷоми AFC дар Туркия пеш аз мавсим омодагӣ доштанд. Маро дар онҷо диданд ва ба бастани карордод таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Ин соли аввали онҳо дар чоми AFC буд ва ман ба карордод имзо кардам. 
Мизони дастмузд (маош) дар Тоҷикистон бо маош дар Эрон оё қобили муқоиса ҳаст? Ва низ ин ки оё он ҷо ҳам мисли Эрон хилофи ваъда анҷом мешавад? 
Чоҳҷуйӣ: Маблағи қарордоди ман, замоне ки бо онҳо гуфтушунид мекардам, моҳе 8000 доллар буд ва онҳо саривақт пардохт мекарданд; қарордоди мо ҳирфаӣ (профессионалний) буд; Онҳо дӯст надоранд, ки дар мавриди пардохти маош бо бозигаре мушкилӣ дошта бошанд, то дастаашон ба дарди саре наафтад. Шукри Худо, ба мо саривақт пардохт мешуд. 
Дар дастаи "ИСТИҚЛОЛ" -и Тоҷикистон бо футболбозон форси сӯҳбат мекардед ё бозигарони ин даста асосан бо забони русӣ ҳарф мезананд? 
Чоҳҷуйи: Вақте ки ман ба он ҷо омадам, фикр намекардам, ки забони онҳо форсӣ аст ва ман маълумоти зиёде надоштам. Гумон мекардам, ки бештар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Аммо вақте ки ман бори аввал бо футболбозони даста вохӯрдам, дидам, ки онҳо гапи маро пурра мефаҳманд. Албатта, забони форсии онҳо каме китобитар ва дарвоқеъ, форсии дарӣ буд. Вақте инро фаҳмидам, такон хӯрдаму хеле хурсанд шудам, ки тавонистам бо онҳо бо забони форсӣ иртибот пайдо кунам. Онҳо байни худ русӣ суҳбат мекарданд ва кам-кам ман ҳам тавонистам ҳам русӣ ва ҳам форсиро бо забони худашон, ки хеле ҳам ширин аст, суҳбат кунам. 
Аз тиме, ки шумо бози мекардед чанд бозигар боқӣ мондааст? 
Чохҳҷӯйӣ : Нисбат ба замоне ки ман будам, ҳануз Ахтам Назаров дифоъи чапи онҳо боқӣ мондааст. Нуриддин Давронов, дар хатти миёнаи онҳо хуб ҳунарнамоӣ намуд. Манучеҳр Ҷалилов ҳам фуроврд (ҳамлагар)-и тим аст, ки инҳо ситораҳои дастаи "Истикло"л ва инчунин мунтахаби Тоҷикистон мебошанд. Капитани феълии "Истиклол" он замон дар ҳайати дуввуми дастаи “Локомотив” -и Маскав бозӣ мекард. Ин бародари Манучеҳр Ҷалилов ва ҳамлагари даста аст. Дарвоқеъ, рақамҳои 63, 8 ва 4 ин се бозигаре мебошанд, ки аз замоне ки ман бозӣ мекардам, бо тим монданд. Вақте ки мо бозӣ мекардем, баъзе бозигарон низ дар ҳайати дуввум бозӣ мекарданд ва даста онҳоро бо ба ҳайати аввал овардааст ва онҳо хеле хуб дурахшида истодаанд. 
Муваффақияти ИСТИКЛОЛИ Тоҷикистон тасодуфӣ буд? 
Чоҳҷӯйӣ: - Албатта, ки дастаи "Истиклол" -и Тоҷикистон бо барномарезии хуб ва кушиши рохбарияти даста ба чунин сатҳ расидааст ва муваффақияти онҳо тасодуфӣ нест. Дар гузашта, вақте ки ман дар он ҷо будам, бо "Локомотив" -и Маскав ва "Шалке"  бозиҳои дӯстона баргузор мешуданд", дуруст аст, ки онҳо як падида ҳастанд ва онҳо дар соли аввали худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз гурӯҳи худ баромаданд, аммо онҳо бо нақша ва бо истодагарии роҳбарият ва бозигарони ин даста ба ин ҷо омаданд. Ин даста ду маротиба ба финали Ҷоми AFC роҳ ёфт ва акнун аз марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC баромад. Ин нишон медиҳад, ки онҳо аз руи нақшаи хуби тарҳрезишудае кор мекунанд 
Шумо ки аз ҳарду даста шиносоӣ доред, дар дидори шаҳри Душанбе "ИСТИҚЛОЛ" барои "ПЕРСПУЛИС" то чӣ андоза дардисарсозӣ хоҳад кард? 
Чоҳҷӯйӣ - Ҳар як даста бо ангезаю шаҳомат муқобили "Персеполис" қарор мегирад, зеро аксари бозигарони ин даста бозигарони тими миллӣ Эрон мебошанд. Ҳоло футбол тавре шудааст, ки дигар ягон даста ба осони мағлуб намешавад ва ҳама чиз дар майдон муайян карда мешавад. Ҳар дастае, ки беҳтар кӯшиш кунад, бештар нақша гирад ва аз имкониятҳои худ истифода кунад, метавонад галабаро ба даст орад. Бо дарназардошти он ки танҳо як рақобат дар назар дошта шудааст, "Персеполис" қатъан ин дастаро набояд ба чашми кам бинад. Онҳо барои пирӯзӣ меоянд ва "ИСТИҚЛОЛ" агар битавонад дар нимаи аввал баранда бошаду голе ба самар бирасонад, баргашт ба бозӣ барои "Персеполис" каме сахт мешавад. Зеро майдони дар Тоҷикистон агар голи аввал ро бихуранд, шароит қатъан таври дигаре пеш меравад; шароити тамошобинон ва боз майдони худӣ. Ва ҳамчунин онҳо мураббии ҷадиде овардаанд, ки бисёр хубу бо донишест. Ин бозӣ барои ҳамаи истиқлолиҳо дорои аҳаммият аст ва бо тамаркузи болое вориди майдон мешаванд...
Чаро аз Тоҷикистон рафтед ба Тойланд? Бо ин самимияте ки нисбати Тоҷикистон дорӣ, аз рафтан пушаймон нашудаӣ? 
Чоҳҷӯйӣ: ман аслан аз ҷудоӣ аз Тоҷикистон розӣ нестам. Чароки ҳам онҳо нисбат ба ман лутф доштанд ва ҳам ман хеле ин кишвар, мардумаш ва дастаамро дӯстдоштам. Вале қарордоди мо дар он замон тавре буд, ки дар бозиҳои осиёӣ бозӣ кунем, агар боло мерафтем, то охири фасл ҳам мемондем... 
Ҳоло дар дидори ҳассоси шаҳри Душанбе дӯст дорӣ, кадом даста бибарад "ИСТИҚЛОЛ" ё "ПЕРСПУЛИС"? 
Маҳдии Чоҳҷӯйӣ: Қалбан дӯст дорам, ки "ИСТИҚЛОЛ"-и Тоҷикистон дар ин мусобиқа муваффақ бошад. Дуруст аст ки бо "ПЕРСПУЛИС"-и мо бозӣ дорад, хуб, ман хотироти хеле хубе бо тими "Истиклол" дорам ва бештар дӯст дорам "Истиклол"-и Тоҷикистон муваффақ шавад. Аммо, хуб, ин футбол аст дигар, ва тими "Перспулис" бисёр бузург аст. Ман ҳам як замоне дӯст доштам дар "ПЕРСПУЛИС" бозӣ кунам ё дар "ИСТИҚЛОЛ" (Теҳрон). Тарафдори тими хоссе нестам, вале чун дохили"Истиклол"-и Тоҷикистон бозӣ кардаам, қалбан дӯст дорам, ки ин тим муваффақ бошад ва натиҷаи хубе бигирад ва дар қораи Осиё худашро нишон диҳад...

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив