LIVE

Роҳи Русия дар Евро-2020 ба анҷом расид

Мунтахаби Русия дар бозии сеюми марҳилаи гурӯҳии Евро-2020 бо мунтахаби Дания рақобат кард. Дидори ин ду тим дар варзишгоҳи «Паркен»-и шаҳри Копенгагени Дания баргузор шуда, бо натиҷаи калони 4:1  ба суди миллипӯшони Дания хотима ёфт. Дар дақиқаи 38-уми бозӣ Миккел Дамсгор мунтахаби Данияро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 59-ум бошад, Юсуф Поулйсен аз иштибоҳи Роман Зобнин истифода карда, дарвозаи Русияро рахна намуд. Дар дақиқаи 70-ум  ягона голи русҳоро Артём Дзюба аз зарбаи пеналти ба самар расонид. Ин охири кор набуд, зеро дар дақиқаҳои 80-ум ва 82-юм футболбозони даниягӣ русҳоро маҷбур намуданд, ки ду тӯби дигарро аз дарвозаашон берун оранд. Ҳамин тавр баъди ин вохӯрӣ мунтахаби Белгия бо дарёфти 9 имтиёз дар зинаи аввали гурӯҳи В қарор дорад. Тими миллии Дания се имтиёз дораду дар ҷои дуюм маскан гирифтааст. Миллипӯшони Русия низ се хол ҷамъ кардаанду зинаи охири гурӯҳро ба худ хона кардаанд. Ҳамин тавр пас аз се рақобти гурӯҳии Евро-2020 мунтахаби Русия ҳунарнамониро дар Евро-2020 барои худ хотима дод. 

Чемпионати Аврупо-2020
Гурӯҳи B
Русия— Дания — 1:4 (0:1)
Голҳо: Дамсгор, 38 (0:1). Поулйсен, 59 (0:2). Дзюба, 70 пеналти (1:2). Кристенсен, 79 (1:3). Мехле, 82 (1:4).
Русия: Сафонов, Кудряшов (Караваев, 68), Ҷикия, Марио Фернандес, Дивеев, Оздоев (Жемалетдинов, 61), Зобнин, Кузяев (Мухин, 67), Головин, Дзюба, Миранчук (Соболев, 62).
Дания: Шмейхел, Кйер, Вестергор, Кристенсен, Мехле, Васс (Стрюгер Ларсен, 61), Дилэйни (Йенсен, 86), Хейбйерг, Поулйсен (Долберг, 61), Брэйтуэйт (Корнелиус, 86), Дамсгор (Нергор, 72).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив