LIVE

ЕВРО-2020 бо автогол оғоз гардид

Мухлисон ва ҳаводорон дар оғози Евро-2020 байни дастаҳои миллии Туркия ва Италия шоҳиди бозии шадид ва таърихӣ гардиданд. Бо бозӣ байни дастаҳои Туркия ва Италия рақобатҳои деринтизори Евро-2020 оғоз шуданд.  Бозии туркҳо бо итолиёвиҳо дар варзишгоҳи "Олимпико"-и шаҳри Рим сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат оғоз шуд. Мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, бо зарбаҳои пай дар пайяшон дифоъгарони сурхпӯшро ба ғафлат меоварданд. Гарчанде, ки гладиаторҳо имконияти зиёди голӣ доштанд, вале қисми аввали бозиро бидуни гол  хотима доданд. Қисми дуюми бозӣ низ бо бартарии мизбонон шуруъ шуд. Зарбаҳои пай дар пайи Италия футболбозони меҳмонро маҷбур кард, ки дар дақиқаи 53-юм бо худголи Мерих Демирал ба пеш бароянд. Мерих Демирал нахустин футболбозе дар таърих шуд, ки мусобиқаи Евроро бо худгол оғоз мекунад. Баъдан дар дақиқаҳои 66-ум Чиро Иммобиле ва дар дацица 79-ум Лорентсо Инсинйе  ду голи дигари дастаашонро ба самар расонида, пирӯзии Италияро дар оғози Евро-2020 таъмин карданд. Акнун баъди ин дидор Италия бо касби се хол дар зинаи аввали гурӯҳи “А” ҷой дорад. 
Имрӯз, 12 июн бозии дуввуми гурӯҳ байни тимҳои миллии Уэлс ва Швейтсария баргузор мешавад.

Евро-2020
Гурӯҳи А 
Дари 1-ум
Туркия — Италия — 0:3 (0:0)
Голҳо: Мерих Демирал, 53 — (худгол) (0:1). Иммобиле, 66 (0:2). Инсинйе, 79 (0:3).
Туркия: Угурҷан Чакир, Чаглар Сеюнҷю, Зеки Челик, Мерих Демирал, Умут Мераш, Озан (Каан Айхан, 65), Хакан Чалханоглу, Окай Йокушлу (Ирфан Кахвежи, 65), Бурак Йилмаз, Кенан Караман (Халил Дервисоглу, 76), Юсуф Язижи (Ченгиз Юндер, 46).
Италия: Доннарумма, Кйеллини, Бонуччи, Флорентси (Ди Лорентсо, 46), Спинатсола, Жоржиню, Барелла, Локателли (Кристанте, 74), Иммобиле (Кйеза, 81), Инсине (Белотти, 81), Берарди (Бернардески, 85).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив