LIVE

Шарҳи Ҷоми миллатҳои Африқо - 2019

Аз оғози фаъолияти худ Конфедератсияи футболи Африқо баргузории мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Африқоро ба роҳ монд.  Ин чемпионат бонуфузтарин мусобиқаи футболӣ, байни мунтахабҳои қораи Африқо маҳсуб мешавад. Аз соли 1968 мусобиқаи номбаршуда дар ду сол як маротиба доир мегардад. 32-юмин мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Африқо  дар майдонҳои сабзи кишвари Миср аз санаи 21-уми июн оғоз гашта, 19-уми июл ба итмом хоҳад расид. Футбол иқлими гарми Африқоро, боз ҳам тафсонтар намуд. Ҳарорати футболии ин қора ба ҳадди ниҳоии худ расид. Аллакай қисми зиёди бозиҳо пушти сар шуданд. Ду дастаи беҳтарини қораи Африқо, ки пас аз тай намудани роҳи тӯлонӣ то ин марҳила расиданд, дастаҳои миллии Алҷазоир ва Сенегал ба ҳисоб мераванд.
Ҷадвалеро ки шумо мебинед, роҳи тайнамудаи дастаҳои милии Сенагал ва Алҷазори аз марҳилаи 1/8 ниҳоӣ то финал мебошад. То ба қуллаи баландтарини мусобиқот расидан иштирокчиёни финал роҳи пурпечутобро паси сар намуданд.
То ба қуллаи баландтарини мусобиқот расидан иштирокчиёни финал роҳи пурпечутобро паси сар намуданд. Сенегал маротибаи дуввум дар таърихи худ ба финал роҳхат гирифт. Бори аввал ин даста соли 2002 иштирокчии бозии ниҳоӣ буд, аммо мунтахаби Камерун сенагилиҳоро дар финал шикаст дод.  Алҷазоир бошад бори сеюм ба финал роҳашро рушан намуд. Ин даста соли 1990   Нигерияро дар финал бо ҳисоби 1-0 шикаст дода, қаҳрамони Ҷоми миллатҳои Африқо гардид. 
Ҳар ду иштирокчиёни бозии финалӣ шомили гурӯҳи С буданд. Ду дастаи дигари ин гурӯҳ, Кения ва Танзания  ба ҳисоб мерафтанд. Бозии байнихудии мунтабҳои Алҷазоир ва Сенегал ба даври дуюми гурӯҳӣ рост омад, ки дар он мунтахаби Алҷазоир бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад. Ягона голи бозиро дар дақиқаи 49-уми дидор Юсуф Белайли ба самар расонд. Алҷазоир бо 9 хол ғолиби гурӯҳи С гашта, мунтахаби Сенегал бо 6 хол дар зинаи дуюм қарор гирифт. 
Дар даври 1/8 ниҳоӣ Сенегал бо дастаи миллии Уганда майдондорӣ кард. Бозӣ бо ҳисоби 1-0 анҷом ёфт. Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 15-ум бозигари дастаи Ливерпул, Садио Мане ба самар расонд.
Маҳз бо ҳамин ҳисоб сенегалиҳо дар марҳилаи чаҳоряниҳоӣ бар дастаи Бенин ғолиб омад. Дар ин дидор боз ҳам як намояндаи дигари премйер-лига ва шаҳри Ливерпул, футболбози дастаи Эвертон   Идриса Гейе пирӯзии Сенегалро таъмин намуд. Ӯ дар дақиқаи 69-ум ба задани гол мушарраф гашта, роҳи Сенегалро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор намуд. Барои дарёфти роҳхтаи бозии финалӣ Сенегал бо мунтахаби Тунис бозӣ намуд. Ғолиби ин дидор метавонист дар 90 дақиқаи аввал муайян шавад, аммо аз ҳар ду ҷониб футболбозон пеналтиҳоро бо гол анҷом дода натавонистанд. Дар вақти изофӣ бозигари мунтахаби Тунис Дилан Брон иштибоҳан тубро ба дарвозаи дастаи худ равон намуда пирӯзиро ба рақиб ҳадя намуд. 
Рақиби Алҷазоир бошад дар даври 1/8 ниҳоӣ мунтахаби Гвинея буд. Рияд Марез ва ҳамдастагонаш бидуни  мушкилот бо натиҷаи 3-0 ин дастаро шикаст дода, роҳашонро ба мариҳилаи минбаъда рушан намуданд. Унас, Марез ва Белайли се голи мунтахабашонро ба ҳадаф расонданд. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Алҷазоир рақиби душворгузар дар симои мунтахуби Котдивуар дошт. Аллакай дар дақиқаи 20-ум Фигули гол зада дастаашро пешсаф намуд, аммо дар дақиқаи 62-юм Коҷиа  ба голи ӯ ҷавоб гардонда ҳисоб баробар гардид. 120 дақиқаи рақобат бо ҳамин ҳисоб ба анҷом расиданд. Дар силсилазрбаҳои пеналтӣ, Алҷазоир бо натиҷаи 4-3 дастболо шуд. 
Бозии даври нимниҳоӣ,ки муқобили тими миллии Нигерия буд, барои Алҷазоир хуб ҷараён дошт. Дар нимаи аввал футболбози Нигерия, Трост-Эконг автогол зада, бар хилофи хоҳиши худ алҷазоириҳоро пешсаф гардонд. Дар дақиқаи 72-юм Игало аз пеналтӣ гол зада ҳисобро баробар намуд. Ҳамагон интизор буданд, ки бозӣ то экстратайм меравад, аммо  Рияд Марез дар дақиқаи 95-уми рақобат ба задани гол мушарраф гашта роҳи Алҷазоирро ба финали Ҷоми миллатҳои Африқо ҳамвор сохт. 
Бо мақсади муайян намудани мунтахаби беҳтарини африқоӣ, дастаҳои миллии Алҷазори ва Сенегал шаби 19 ба 20-уми моҳи ҷорӣ ба арсаи рақобат ворид мешаванд. Баҳри зинаи сеюм бошад, санаи 17-уми июл  мунтахабҳои Тунис ва Нигерия майдондорӣ хоҳанд кард. 
Рақобатҳои ҷолибу дидании имсолаи Ҷоми миллатҳои Африқо дили миллионҳо мухлисро тасхир намуданд. Имсол Конфедератсияи футболи Африқо ба қароре омад, ки дар чемпионат   на 16 балки 24 даста ширкат намоянд.   Ба ҳамин хотир ба фарқ аз солҳои қаблӣ ду гурӯҳ ва як марҳилаи плей-офф, ки  даври 1/8 ниҳоӣ буд, замъ гардиданд. 
Мунтахабҳое, ки дар мусобиқаҳои қаблӣ муваффақ шуданд, натавонистанд соли ҷорӣ комёбии худро такрор намоянд. Соли 2017 дар финал дастаҳои миллии Камерун ва Миср бозӣ намуда, Камерун бо ҳисоби 2-1 дастболо шуд. Ин мунтахаб, ки ба қасди дифоъи қаҳрамонӣ ба Миср сафар намуд, дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ дучори бохт шуд. Ҳамватанони Самуел Это’О  дар ин даври бозиҳо бо яке аз мунтахбҳои қавии авриқоӣ, дастаи Нигерия бозӣ намуданд. Яке аз бозиҳои ҷолибтарини мусобиқот маҳз рақобати ин ду даста буд, ки билохир бо ғалабаи Нигерия бо ҳисоби 3-2 анҷом ёфт. Голи ғалабаоварро дар дақиқаи 66-ум бозигари Арсенал Алекс Ивоби ба ҳадаф расонд. ,
 Муҳаммад Салоҳ бо мунтахаби Миср то даври 1/8 ниҳоӣ бидуни бохт омад. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мизбон бо Африқои Ҷанубӣ майдондорӣ кард. Бозӣ то дақиқаҳои охири рақобат бидуни гол ҷараён дошт. Танҳо дар дақиқаи 85-ум футболбози Африқои ҷанубӣ Тембинкоси Лорч гол зада, Муҳаммад Салоҳ ва мунтахаби Мисрро аз идомаи роҳи мубориза бенасиб гардонд. 
Ҳангомаи асосии Ҷоми миллатҳои Африқо-2019, дастаи миллии Мадагаскар ба ҳисоб мерафт, ки ғайриинтизорӣ то даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Сенсатсия дар он аст, ки Мадагаскар яке аз аутсайдерони футболи Африқо ба ҳисоб меравад. Дастаи милии ин кишвар аввалин маротиба дар таърихи худ марҳилаи муқаддамотиро паси сар гузошта, ба даври финалии мусобиқаи қоравӣ роҳхат гирифт. Тими милии ин кишвар дар бозиҳои гурӯҳӣ  ҳатто бар Нигерия  бо ҳисоби 2-0 ғолиб омада, бо дарёфти зинаи якум ба даври ҳазвӣ роҳхат гирифт. Дар плеё-офф мунтахаби Мадагаскар бо тими миллии Ҷумҳурии Демократии Конго майдондорӣ намуд. Ҳисоб дар 90 дақиқаи бозӣ 2-2 шуд.  Дар вақти асосӣ ғолиб муайян нагардид. Дар ду нимаи изофӣ дастаҳо ба задани гол даст наёфтанд ва рақобат то силсилазарбаҳои пеналтии пасазбозӣ  расид. Бахти футболӣ ба рӯйи бозигарони Мадагаскар хандид ва онҳо дар пеналтиҳо бо натиҷаи 4-2 зафар ёфта, роҳашонр ба даври навбатӣ ҳамвор намуданд. Баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳодисаи нодир ва таърихӣ барои кулли мардуми ҷазираи зебоманзари Мадагаскар буд. Дар даври чаҳоряниҳоӣ ин даста муқобили Тунис майдондорӣ намуда, бо ҳисоби калони 3-0 дучори шикаст гардид. Дар нимаи аввал Мадагаскар рақобати арзанда нишон дод, вале футболбозони Тунис дар қисми дуюми майдондорӣ се голи беҷавобро ба тури дарвозаи бошандагони чорумин ҷазираи калонтарини олам заданд. 
Макони баргузории мусобиқаи минбаъади Ҷоми миллатҳои Африқо аллакай маълум аст. Соли 2021 бонуфузтарин мусобиқаи қораи Африқо дар кишвари Камерун доир хоҳад шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив