LIVE

Алишер Ҷалилов мунтахабро дар бозӣ бо Ҷопон ва Мянмар кӯмак карда наметавонад

Сарвони дастаи "Истиқлол" -и Душанбе Алишер Ҷалилов дар ду бозии ояндаи даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Ҷопон (7 июн) ва Мянмар (15 июн) мунтахаби кишварро ёрӣ расонда наметавонад.
Сабаби бозӣ накардани Алишер осеб мебошад, ки дар бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон бар зидди «Эсхата» -и Хуҷанд захм бардошт. Ҳоло Алишер Ҷалилов дар шаҳри Қазони Русия курси барқарорсозии захмашро мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив