LIVE

Ҳолатҳои ниҳоии мавсими футболи имсолаи ТОП-5 чемпионати Аврупо

Мавсими имсолаи футбол дар Аврупо ба охир расид. Тибқи одат, аксари мухлисони футболро ҳолатҳои ҷойгиршавии дастаҳои 5 кишвари пешрафтаи футболи аврупоӣ – Англия, Испания, Олмон, Фаронса ва Италия ҷалб мекунад. Дар ин 5 кишвари пешрафтаи футбол, ба ҷуз Олмон, ки 34 даврро дар бар мегирад, дигар 4 чемпионати кишварҳои дигар 38 давр бозӣ баргузор карданд.

Дар Англия пешсафиро “Манчестер Сити” ба  даст оварда, бо касби 86 имтиёз садрнишини ҷадвали Премйер Лига гашт. Ба чоргонаи беҳтарини ин чемпионати футболи англисӣ ба ҷуз “Манчестер Сити” боз “Манчестер Юнайтед”, “Ливерпул” ва “Челси” роҳ ёфтанд.

Дар Испания, “Атлетико Мадрид” бо гирифтани 86 имтиёз садришини ҷадвали Ла Лига гашта, ба чоргонаи беҳтарин, инчунин “Реал Мадрид”, “Барселона” ва “Севиля” шомил гаштанд.

Дар Олмон садрнишинии ҷадвали Бунлеслигаро чун солҳои гузашта “Бавария Мюнхен” соҳиб гашта, ба чоргонаи беҳтарин, “РБ Лейпсиг”, “Боруссия Дортмунд” ва “Волфсбург” низ дохил шуданд.

Лигаи 1-уми Фаронса имсол пуршиддат сурат гирифта, ахиран “Лил” дастаи парижии “Пари Сен-Жермен”-ро аз тахти қаҳрамонӣ фароварда, садрнишини ин чемпионат гашт. Баъди “Лил”, “ПСЖ”, “Монако” ва “Лион” низ ба чоргонаи беҳтаринҳои Лигаи 1 шомил гаштанд.

Дар Италия то охирин давр, баҳси роҳ ёфтан ва ё наёфтани “Ювентус” ба чоргонаи беҳтарин ва соҳиби роҳхати Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо гаштани Роналду ва ҳамдастагонаш расонаӣ буд ва дар охирин давр бо бурди “Ювентус” ва мусовии “Наполи” ин баҳс хотима ёфт. Ҳамин тавр, баъди “Интер”, ки чанд давр қабл аз анҷоми чемпионати Италия қаҳрамони имсолаи футболи Серия А гашта буд, дастаҳои “Милан”, “Аталанта” ва “Ювентус” низ ба чоргонаи беҳтарини чемпионати Италия шомил гаштанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив