LIVE

“Юве” бо шикаст додани “Болоня” ба Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфт

Дар бозии даври 38-уми Серияи А Италия “Ювентус” дар меҳмонӣ бо дастаи “Болоня” вохӯрд. Дидор дар майдони “ренато Далл Ара” – и шаҳри Болоня сурат гирифта, бо ҳисоби 4-1 ба фоидаи шогирдони Пирло анҷом ёфт. Дар ин дидор, ҳамлавари машҳури португалӣ Криштиану Роналду иштирок наварзид.

Дар дақиқаи 6-уми дидор, ҳисобро Федерико Кйеза кушод. Бартарии меҳмононро Алваро Морато дучанд намуд. Дар охири қисми аввал, Адриен Рабйо ҳисобро ба таври назаррас зиёд намуда, ҳисобро 3-0 намуд. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми дидор, Мората голи дуюмашро ба самар расонида, ҳисобро 4-0 намуд. Ягонаи голи дидорро аз “Болоня” Риккардо Орсолини ба самар расонид. Дар бозии мутаносиби ин чемпионати аврупоӣ дастаи “Наполи” бо “Верона” бо ҳисоби 1-1 мусовӣ намуд. Голҳоро дар дақиқаи 60-ум Амир Раҳмонӣ ва баъди  дақиқа бошад, Марко Фараони ҳисобро баробар намуд.

Ҳамин тавр, “Ювентус” бо касби 78 имтиёз дар ҷойи чоруми ҷадвари Серияи А Италия қарор гирифта, барои ба Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо баромадан роҳхтаро дарёфт намуд. “Наполи” бошад, бо соҳиб гаштани 77 имтиёз шонси ба ЛҚА баромаданро аз даст дода, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупоро ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив