LIVE

Бохти 1:0 аз Кореияи Шимолӣ дастаи моро ба финал бурд

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гуруҳии мусобиқаи байниминтақавии қаҳрамонҳо 2019 («Hero Interсontinental Cup 2019») аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 ба бохт дучор омад. Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов зад. Аммо ин нокомӣ барои роҳ ёфтани тими миллии мо ба бозии ниҳоӣ, ки интизор меравад 19-уми июл доир шавад, монеа нашуд. Дар ду бозии қаблӣ футболбозони тоҷик бар Ҳиндустон (4:2) ва Сурия (2:0) зафар ёфта, 6 имтиёз ба даст оварданд. Баъди анҷоми бозӣ миёни мунтахабҳои Ҳиндустон ва Сурия рӯзи 16-уми июл ҳарифи навбатии тими миллии мо маълум хоҳад шуд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив