LIVE

БОЗТОБИ ПИРӮЗИИ «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) ДАР РАСОНАҲОИ ҶАҲОНӢ


НАШРИЯИ «АР-РИЁЗИЙЯ»-И АРАБИСТОН: ДАРЁФТИ 4 ГОЛ АЗ «ИСТИҚЛОЛ»-И ТОҶИКИСТОН БАРОИ «АЛ-ҲИЛОЛ» НАНГИ БУЗУРГЕСТ! 
«ТАРАФДОРӢ», яке аз бузургтарин шабакаи иҷтимоъии варзишӣ ба форсӣ,  бо пахши навиди пирӯзии «ИСТИҚЛОЛ»-и Душанбе бар «АЛ-ҲИЛОЛ»-и Ар-Риёз, «ИСТИҚЛОЛ»-ро яке аз дастаҳои шигифтисози Лиги қаҳрамонони Осиёи имсол номидааст. 
«ТАРАФДОРӢ» бо ёдрас кардани пирӯзии дурахшони ИСТИҚЛОЛ бар АЛ-ҲИЛОЛ-и Риёз, бо натиҷаи чаҳор бар як, овардааст, ки ин шикасти таҳқиромез боъис шуд, то нашрияи аслии варзишии Арабистон – «АР-РИЁЗИЙЯ» садо баланд кунад ва дар гузорише ба интиқод аз бозикунони Ар-риёз бипардозад. 
Рӯзномаи АР-РИЁЗИЙЯ дар гузоришаш зери унвони «ЧАҲОР ГОЛ НАНГЕ БУЗУРГ АСТ, ЭЙ РАИС», зимни интиқод аз АЛ-ҲИЛОЛ, ҳамчунин аз шикастҳои ин тим дар таърихи Лиги қаҳарамонони Осиё навиштааст. Ба навиштаи ин рӯзномаи Саъудӣ, АЛ-ҲИЛОЛ то кунун чанд бор фақат 4 гол хӯрда ки бузургтарини он муқобили намояндаи кореяиҳо рух додааст. Дар соли 2010 дар марҳалаи якчаҳорумниҳоии Лиги қаҳрамонон бо вуҷуди он ки суъуд кард, аммо дар муқобили АЛ-ҒАРОФа-и Қатар 4 бар 2 шикаст хӯрд. Дар соли 2012 АЛ-Ҳилол дар якчаҳоруми Лиги қаҳармонони Осиё дар баробари УЛСОН ҲЮНДОЙ-и Корея шикасти 4 бар 0-ро таҷриба кард. Ин сахтарин шикасти таҳқиромези алҳилолиҳо ба шумор меояд. 
Бунггоҳи «ТАРАФДОРӢ» дар фарҷом ёдрас мекунад, ки шикасти шаби гузашта муқобили намояндаи Тоҷикистон низ барои саъудиҳо гарон тамом шуда ва боъис шудааст, то пешсафӣ азони ИСТИҚЛОЛ шавад.
Аз саҳифаи фейсбукии Обид Шакурзода

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив