LIVE

2,500 доллар боз ҳам насиби футболбози тоҷик шуд


Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии кишвар дар вохӯрии Тоҷикистон ва Сурия беҳатрин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо боис бар он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои ҷодувонааш дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо маблағи 2,500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал ҳам маблағӣ пулӣ барои беҳтарин футболбозон насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив