LIVE

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ба анҷом расид

Ҳар яки шумо аллакай аз воқеоти охирини олами футбол хабардоред. Дар он тарафи Уқёнуси Ором мунтахаби Бразилия пас аз 12 соли интизорӣ боз ба фатҳи Ҷоми Амрико даст ёфт. Дар қисмати дигари Амрико бошад, мунтахаби Мексика бар ИМА дастболо гардида, ҷоми тиллоии КОНКАКАФро ба даст овард. Бодҳои гарми Африқо ҳам чанд хабари наверо бо худ оварданд. Садио Мане роҳи Сенегалро ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо рушан сохт. Муҳаммад Салоҳ бошад баръакс, бо мунтахаби худ аз идомаи роҳи мубориза бенасиб шуд. 
Аз Африқо ба Аврупо мегузарем ва чанд муддате дар Фаронса хоҳем буд. Тули як моҳ дастаҳои беҳтарини занонаи сайёра баҳри қаҳрамони ҷаҳон шудан мубориза бурданд. Ҳанӯз пеш аз шурӯъ гаштани мусобиқот маълум буд, ки Ҷоми ҷаҳони Фаронса яке аз беҳтаринҳо дар таърии футболи занона хоҳад буд. Тақрибан миллион мухлис дар варзишгоҳҳои пурушукуҳи Фаронса ва аудиторияи рекордии телевизионӣ беҳуда набуданд.  
Хостаҳо бароварда шуданд. 146 гол дар 52 дидор, эҳсосоти ногуфтанӣ, фоҷиаҳои инфиродӣ, талхии нокомӣ ва маззаи пирӯзӣ, хуллас дар ин мусобиқот ҳама чӣ буд. 
Дар чемпионати ҷаҳон байни бонувон 24 мунтахаб аз 6 конфедератсияи футболӣ иштирок намуданд. Мунтахабҳои Чили, Шотландия, Ямайка ва ҶАҶ бори аввал дар чунин мусобиқоти фароҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Мунтахабҳои Ҷопон, Бразилия, Норвегия, Шветсия, Олмон, ИМА ва Нигерия бе танаффус дар ҳамаи мусобиқот иштирок карданд.  
Билохир аз байни 24 мунтахабе ки дар 9 шаҳри Фаронса мубориза мебурданд, ду дастаи беҳтарини занонаи сайёра муайян гаштанд. Инҳо дастаи занонаи ИМА, ки ба қасди дифоъи қаҳрамонӣ ба Фаронса омад ва мунтахаби Нидерландҳо, ки бори аввал ба финали Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт. Ин дастаҳо санаи 7-уми июл дар варзишгоҳи “Парки олимпи”-и Лион бо мақсади муайян намудани дастаи беҳтарини занона ба арсаи рақобат ворид шуданд.
 
Пеш аз ба финал баромадан дастаҳо роҳи пурпечутобро паси сар намуданд. Биёед ба хотир орем, ки дастаҳо то ба қуллаи баландтарин расидан кадом зинаҳоро гузаштанд. Ҳар ду даста то финал бозии беҳтарин ва пурмазмун нишон дода, собит сохтанд ки маҳз онҳо арзандаанд то дар финал бошанд.  Барои дастаи занонаи ИМА ин финали сеюми пайи ҳам дар мусобиқаи фароҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Амрикоиҳо марҳилаи гурӯҳиро бо натиҷаи умумии 18-0 ба итмом расониданд. Дар 3 бозии плей-офф бошад, дастаи занонаи ИМА бо ҳисоби умумии 2-1 бар 3 мунтахаби аврупоӣ Испания, Фаронса ва Анлия зафар ёфт. Ғалаба бар хубони футболи Фаронсаро метавон алоҳида қайд намуд. Аз аввал дастаҳои ИМА ва Фаронса тимҳои пурбаҳои Мундиал ба ҳисоб мерафтанд. Марҳилаи чаҳоряниҳоӣ онҳоро ба ҳам овард. То дақиқаи 65-уми дидор гулдухтарони амрикоӣ ҳисобро бо шарофати 2 голи Меган Рапино  2-0 намуданд. Мизбонони Ҷоми Ҷаҳон танҳо бо як голи задаи Венди Ренард ҷавоб гардонданд, аммо ин кифоякунанда набуд. Дар даври нимниҳоӣ амрикоиҳо бо ҳамзабонони хеш, бо хубони ватани футбол, яъне мунтахаби Англия майдондорӣ намуданд. Новобаста ба он ки дар ин рақобат ҳам бозигарони Амрико бо ҳисоби минималӣ ғолиб омаданд, дар рафти бозӣ бартарии онҳо ба чашм мерасид. Алекс Морган ва Кристен Пресс 2 голи ИМА -ро дар нимаи аввал ба самар расонданд. Аз ҳайати ҳамватанони Бекхэм бошад як голро Елен Вайт ба номаш мӯҳр зад. Бо Англия бозӣ метавонист то ба вақти изофӣ  бирасад, аммо Стефани Хютон дар дақиқаи 84-ум пеналтиро бо гол анҷом дода натавонист. Ин натиҷа боис бар он шуд ки мунтахаби занонаи ИМА бори сеюм пайи ҳам ба финали ҷоми ҷаҳон роҳхат гирад. Иштирокчии дуюми финал, мунтахаби занонаи Нидерландҳо ҳангомаи асосии Ҷоми ҷаҳон гардид. Танҳо 5 сол қабл мунтахаби занонаи ин кишвар дар мусобиқаҳои фароҷаҳонӣ ширкат накард, вале соли 2015 ҳамааш тағйир ёфт. Ҳолландиҳо дар Ҷоми Ҷаҳон дебют карданд. Пас аз 2 сол хубони ин кишвар қаҳрамони Аврупо гаштанд. Ин ҳангома буд, чунки қаблан 6 маротиба мунтахаби занонаи Олмон қаҳрамони Аврупо гашта, ҳеҷ имконияте  ба дастаҳои дигар надод. Ҳолландиҳо ҳамагонро бо хати қавии ҳамлаи худ дар ҳайрат монда буданд. Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи қоравӣ Англияро бо ҳисоби 3-0 мағлуб намуда, дар финал бар олмониҳо бо натиҷаи 4:2 зафар ёфтанд. 
Ба Ҷоми ҷаҳон мунтахаби занонаи Нидерландҳо тавассути бозиҳои гузаришӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи гурӯҳи хубони футболи Ҳолланд бидуни нокомӣ соҳиби 9 имтиёз шуданд. Дар плей-офф мунтахаби занонаи Нидреландҳоро бозиҳои душвортар интизор буданд. Дар даври 1/8 ниҳоӣ танҳо бо шарофати пеналтии баҳсбарангез ҳолландиҳо дар дақиқаи 90-ум ба дарвозаи Ҷопон гол заданд ва роҳашонро ба даври навбатӣ ҳамвор сохтанд. Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бошад дар ним соати охири рақобат гулдухтарони Ҳолланд ду голро ба тури дарвозаи Италия равон сохтанд. Дар бозии даври нимниҳоӣ бошад мухлисон шоҳиди рақобати шадиди мунтахаби занонаи  Ҳолланд бо Шветсия гаштанд. Тақдири ин бозиро голи ягонаи Жаки Грюнен дар дақиқаи 99-ум ҳаллу фасл намуд. Роҳи мушкил паси сар шуд ва хубони футболи Ҳолланд бори аввал дар таърихи худ ба финали мусобиқаи фароҷаҳонӣ роҳхат гирифтанд. 

 Ҷадвалеро ки шумо мебинед роҳи тайнамудаи мунтахабҳои занонаи ИМА ва Нидерландҳо то ба финал аст. Хубони футболи ИМА баҳри дифои қаҳрамонӣ бар Тайланд, Шветсия, Чили, Испания, Фаронса, Англия  ва билохир дар финал бар Нидерландҳо дастболо шуда, ҷоми ҷаҳонро бар фарози сари худ баланд юардоштанд. 
Гулдухтарони ҳолландӣ бошанд  то финал Канада, Камерун, Зеландияи Нав, Ҷопон, Италия ва Шветсиро паси сар гузоштанд. 
 Дастаҳое ки дар даври нимниҳоӣ шикаст хурданд, дар финали таскинбахш ё худ дар бозӣ баҳри дарёфти зинаи сеюм рақобат намуданд. Мунтахабҳои нокоми даври нимниҳоӣ дастаҳои занонаи Англия ва Шветсия буданд. Ҳар ду даста талош намуданд, ки беҳтарин дастовардро дар таърихи худ такрор намоянд. Бозии ин дастаҳо як рӯз қабл аз финал, дар шаҳри Нитса баргузор шуд.
 
Ҷоми ҷаҳон 2019 байни бонувон, ки тули як моҳ дар 9 шаҳри Фронса  доир шуд, метавон яке аз Мундиалҳои таърихӣ ном бурд. Марта Виейраи бразилӣ беҳтарин нишонзан дар таърихи Ҷомҳои ҷаҳон, чӣ байни мардон ва чӣ байни бонувон гардид. Низоми ВАР ба фарқ аз ҷоми ҷаҳон байни мардон 2 маротаба бештар мавриди истифода қарор гирифт. Меган Рапино аз ИМА сазовори туб ва пойафзоли тиллоии Ҷоми Ҷаҳон шуд. Ин футболбоз дар ҳисоби худ 6 голро сабт намуд, ки панҷтои он дар плей-офф ба ҳадаф расонада шуданд.  Мусобиқаи минбаъдаи бузурги футболӣ байни бонувон Олимпиадаи 2020 хоҳад буд. Ҷоми ҷаҳон байни бонувон бо мо хайру хуш намуд ва то бозиҳои Олимпӣ хубони футбол ба бошгоҳҳои худ бармегарданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив