LIVE

Мусовии мунтахабҳои Украина ва Финляндия

Дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии ҶҶ-2022 мунтахаби Украина миллипӯшони Финляндияро қабул намуд. Бозии мазкур дар майдони “НСК Олимпийский”-и шаҳри Киев баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Бозиро ҳайати доварон аз Руминия доварӣ намуданд. Бозингарони украинӣ дар тамоми вақти бозӣ бартарӣ доштанд. Қисми аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфта, ҳисоб танҳо дар қисми дуюм, дар дақиқаи 80-ум аз ҷониби бозингари мунтахаби Украина Жуниор Мораес кушода шуд. Дар дақиқаи 88-уми бозӣ ҳимотгари украинӣ Виталий Миколенко барои вайрон намудни қоида дар майдончаи ҷаримавӣ корти сурх гирифта, барои меҳмонон имкони задани пеналтиро муҳаё намуд. Теэми Пукки бошад, барои задани пеналтӣ имкони мусоид ёфта, тӯбро вориди тӯри дарвозаи шогирдони Шевченко намуд. Бо ҳамин натиҷа бозӣ ба анҷом расида. Дар бозии ояндаи гурӯҳӣ, мунтахаби Украинаро қазоқҳо мунтазиранд. Барои мунтахаби Финляндия бошад, дар рӯзҳои боқимондаи моҳи март ягон бозӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Бозиҳои дигари мунтахабҳо, ки сурат гирифтанд, бо натиҷаи чунин ҷамъбаст шуданд:

Қазоқистон 0 – 2 Фаронса;

Косово 0 – 3 Шведсия;

Албания 0 – 2 Англия;

Арманистон 2 – 0 Исландия;

Булғористон 0 – 2 Италия;

Руминия 0 – 1 Олмон;

Дания 8 – 0 Молдавия;

Исроил 1 – 1 Шотландия;

Сан-Марино 0 – 3 Маҷористон;

Гурҷистон 1 – 2 Испания;

Австрия 3 – 1 Ҷазираҳои Фарер;

Лаҳистон 3 – 0 Андорра;

Макединояи Шимолӣ 5 – 0 Лихтейнштейн;

Швейтсария 1 – 0 Литва.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив