LIVE

Эрик Гарсия ба "Барселона" меояд

Ҳимоятгари “Манчестер Сити” Эрик Гарсия   метавонист  фаъолияташро дар яке аз дастаҳои лондонӣ идома диҳад.  Моҳи январ  дастаҳои “Челси” ва “Арсенал” ба Гарсия  пешниҳоди ҳамкорӣ намуданд. Вале футболбози испанӣ онҳоро қабул накард. Ӯ ошкоро баён сохт, ки мехоҳад ба “Барселона” баргардад.  Баргашти  Гарсияро ба “Барселона”  Хосеп Гвардиола ҳам тасдиқ кард. Пас аз анҷоми мавсим Эрик футболбози озод мешавад. Ин имкон медиҳад, ки  ӯ бе мушкилӣ ба тими  хостааш   равад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив