LIVE

“Ювентус” Костаро ба фурӯш мегузорад.Ӯ дигар ба "Бавария" ҳам лозим нест

Рӯзноманигори  итолиёвӣ Николо Скира  дар саҳифаи твиттериаш  навиштааст, ки  “Ювентус” мехоҳад  вингери бразилӣ Дуглас Костаро  фурӯшад.   Ёдовар мешавем, ки   айни замон  футболбоз  дар иҷораи “Баварияи Мюнхен” қарор дорад,  вале дар   “он ҷо  ҳам дар ҳайати асосӣ нест. Аз ин рӯ   мюнхениҳо низ Костаро хариданӣ нестанд. 
Шартномаи  ин нимҳимоятгари 30 сола  то тобистони соли 2022 эътибор доард. Вале туриниҳо  нақша доранд, дар трансфер ӯро ба фурӯш гузоранд, то  6 млн евро  маош ба ӯ надиҳанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив