LIVE

"Барса" аз баҳри як қатор бозигаронаш мегузарад

"Барселона" мақсад дорад тобистон як чанд бозигари худро ба фурӯш гузорад. Ба иттиллои Mundo Deportivo каталониҳо барои дарвозабон Нето, муҳофизатгар Самюэл Умтити, ниммуҳофизатгарон Матеус Фернандес, Филиппе Коутиню, Миралем Пйянич ва ҳамлагар Мартин Брэйтуэйт дастаи нав ҷустучу доранд. Сармураббӣ Роналд Куман ва роҳбарияти клуб будани ин футболбозонро дар ҳайъат муҳим намешуморанд ва барои кам кардани пардохти маблағ барои маош онҳоро ба фурӯш мегузоранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив