LIVE

“Ювентус” қаҳрамон намешавад

Қаҳрамони феълии Серия А “Ювентус” дар майдони худ бо “Беневенто” бозӣ кард. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Алиянс Ювентус”-и шаҳри Турин баргузор гардида бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи меҳмонон хатм шуд. Ягона голро Гайч дар дақиқаи 69-ум ба самар расонид. 
Баъди ин бохт қаҳрамоншавии туриниҳо дар Серия А мушкилтар мегардад, зеро “Интер” бо бартарии 10 имтиёз дар садри ҷадвал буда, бозии даври 28-умро доир накардааст. 
Ёдовар мешавем, ки “Беневенто” бори аввал дар таърихи худ бар “Ювентус” пирӯз шуд

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив