LIVE

Пол Погба "Манчестер Юнайтед"-ро ба даври 1/4 ниҳоии Лигаи Аврупо баровард

      Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо  миёни “Милан” ва “Манчестер Юнайтед” дар варзишгоҳи “Сан-Сиро” баргузор шуд. Нимаи аввалро “МЮ” босуръат оғоз кард ва якчанд имкониятро созмон дод. “Милан” оҳиста-оҳиста бозиро баробар намуд ва дақиқаҳои охири қисмати аввалро дар ҳуҷум гузаронид. 
       Нимаи дуюм бо голи Пол Погба шуруъ шуд. Ван Биссака аз канор партофт кард ва Погба аз назди дарвоза гол зад. Баъди ин гол Златан Ибрагимович ба майдон баромад. Футболбози шведӣ метавонист, ки натиҷаро баробар кунад, аммо зарбаи бо сар иҷро намудаи ӯро Дин Ҳендерсон баргардонид. Новобаста аз фишори “Милан” дар дақиқаҳои охир ҳисоб тағйир наёфт ва “МЮ” бо ҳисоби умумии 1:2 ба даври 1/4 ниҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив