LIVE

Мадина Фозилова имкони ҳунарнамоӣ дар хориҷаро дорад

Мадина Фозилова собиқ ҳамлавари бошгоҳи «Зебонисо» ва ҳоло сарвони тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон эҳтимол аст, ки фаъолияти футболбозии хешро дар Чемпионати Гурҷистон идома диҳад. Ба гуфтаи худи Мадина ҳоло гузариши мазкур дар марҳилаи анҷомёбист.
«Ҳоло гуфтушунид байни ман ва роҳбарияти дастаи “WFC Nike” идома дорад. Бояд, ки то охири ҳафта гузариши ман ба дастаи мазкур сурат бигирад», - гуфтааст Мадина Фозилова дар суҳбат бо сомонаи ТВ “Варзиш.
Дар сурати амалӣ гардидани ин иқдом Мадина Фозилова нахустин бонуе дар таърихи футболи тоҷик мешавад, ки дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад. Ногуфта намонад, ки дастаи нави Мадина Фозилова дар Лигаи Чемпионҳои Аврупо байни бонувон ҳунарнамоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив