LIVE

“Куктош” бо ҳамлагари мунтахаби Кот-д’Ивуар қарордод баст

Дастаи “Куктош” аз гузариши ҳамлагари мунтахаби Кот-д’Ивуар Я Сатурнин-Ҳерманн хабар медиҳад. Футболбози африқоӣ қаблан дар дастаҳои “Депортиво” (Африқо) ва “Волкан”-и Кот-д’Ивуар ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар “Куктош” бо рақами 11 бозӣ хоҳад кард.
Дастпарвари дастаи “Локомотив Ташкент” - Асадбек Исломов дар ин мавсим шарафи “Куктош”-ро ҳимоя хоҳад кард. Ҳимоятгари канори рост, ки дар дастаҳои “Локомотив Ташкент”, “Металлург” ва “Бекобод” бозӣ кардааст бо “Куктош” то охири мавсим шартнома ба имзо расонид
Алиҷон Алиҷонов дар академияи “Спартак”-и Тошканд таълими футболии худро гирифтааст. Баъдан ӯ дар корномаи варзишаш дар дастаҳои “Навбаҳор”, “Пахтакор” ва “Намангон” бозӣ карда, акнун бо пероҳани дастаи “Куктош” бозӣ хоҳад кард. Дар дастаи наваш Алиҷон рақами 4-ро интихоб кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив