LIVE

“Ман Сити” ҳама дарҳоро барои де Брюйне мебандад

“Манчестер Сити” нимҳимоятгари худ - Кевин де Брюйнеро дар равзанаи трансферии тобистона намефурӯшад. Роҳбарияти шаҳриҳо фавран ҳама пешниҳодҳоро барои футболбози белгиягӣ рад карда, онро ба феҳристи бозигарони дастнораси ҳайат шомил намудааст.  “Манчестер Сити” бо Де Брюйне барои тамдиди қарордод музокира мекунад. Клуб итминон дорад, ки де Брюйне дар созишномаи нав имзо мекунад. Шартномаи ҷории футболбози 29-сола бо “Манчестер Сити”  то соли 2023 эътибор дорад. Дар мавсими 2020/2021 Де Брюене дар ҳамаи мусобиқаҳо бо “Манчестер Сити” 25 бозӣ гузаронида, 3 гол зада, 15 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив