LIVE

Пике барои танқиди кори доварон муҷозот мешавад

Ассотсиатсияи футболи Испания таҳқиқи эродҳои ҳимоятгари Барселона - Жерар Пикеро дар бораи он, ки доварони испанӣ ба “Реал Мадрид” бартарӣ ё худ кӯмак мерасонанд, оғоз кард.
Тибқи иттилои Diario Sport, муҳофизатгари марказӣ барои ин гуфтораш, ки ба нуфузу манзалати шахсони ҳуқуқию воқеӣ латна мезанад, аз 4 то 12 бозӣ маҳрумият таҳдид мекунад. Ҳамзамон аз 600 то 3000 евро ҷарима интизор аст. 
Пике зимни як мусоҳиба бо Post United ошкоро иқрор шудааст:     

«Яке аз собиқ довари футбол ба ман гуфт, ки 85% доварон “Реал Мадрид”-ро бартарӣ медонанд. Ба ҳамин хотир ба фойдаи “Реал” садои ҳуштаки худро баланд мекунанд. Ҳатто амалҳои онҳо ба хубӣ маълум аст. Ман ба касбияти доварон эҳтиром мегузорам ва медонам, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳама кори аз дасташон меомадагиро кунанд, аммо вақте ки лаҳзаи шубҳа фаро мерасад....” гуфтааст, Пике.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив