LIVE

Бозигари калидии "Тоттенхэм" ду ҳафта ба майдон намебарояд

Сармураббии “Тоттенхэм” - Жозе Моуриню дар бораи осеби ҳамлагар Ҳарри Кейн ҳангоми бозӣ бо “Ливерпул” изҳори назар кард. Бозии марказии даври 20-ум дар Лондон баргузор шуд ва бо пирӯзии “Ливерпул” (3:1) хотима ёфт. Кейн дар нимаи аввал лат бардошт ва баъд аз танаффус ба майдон набаромад.  
“Кейнро пайвандҳои зонуаш осеб дидаанд.  Ман фикр мекунам, ки ӯ чанд ҳафта ба табобат машғул мешавад. «Баъзе бозигароне ҳастанд, ки ивазкарданашон мушкил аст, аммо  ман боварӣ дорам, ки мо бояд бо ин мубориза барем. Зеро мо роҳи дигаре надорем”, иқроршудааст Моуриню ба Би-Би-Си.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив