LIVE

"Футбол барои ҳама" дар ш.Душанбе ба анҷом расид

Рӯзҳои 8-ум ва 9-уми январ  дар тамоми гӯшаву канори кишвар мусобиқаи футбол барои кӯдакон таҳти шиори "Футбол барои ҳама" дар арафаи истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Фестивали “Футбол барои ҳама” аз ҷониби Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони ФФТ ташкил ва баргузор гардид. Дар баробари манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе низ 15 дастаи мураттаб дар се синну сол то 7 сола то 9 сола ва то 11 сола миёни ҳам базиҳои дӯстона баргузор намуданд. Дар ин ҷашнвораи футбол тақрибан 200 нафар кӯдакони футболдӯст ширкат варзиданд. Фестивали “Футбол барои ҳама” ба кӯдакон имкони хуб дод, то  он чизеро, ки ҳангоми тамринҳо аз худ намудаанд,  намоиш диҳанд. Сарфи назар аз он, ки ин чорабинӣ бидуни муайян намудани ғолиб баргузор шуд, аммо ҳеҷ тим  намехост мағлуб шавад ва тақрибан ҳамаи бозиҳо пушидат ва ҳаяҷонбахш сурат гирифтанд.  Метавон гуфт, ки ояндаи футболи меҳан  дурахшонтар аст, аз ин рӯ бояд ҳарчи бештар барои ин кӯдакон имконият фароҳам овард, то ҳарчи бештару хубтар рушд кунанд.
Пас аз анҷоми бозиҳо дар як фазои танатавб бо иштироки масъулин ва футболбозони тими миллии футболи кишвар  ва "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов ва Табрези Давлатмир маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуд. Ҳар як иштирокчӣ бо медал ва  шаҳодатнома қадрдонӣ шуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив