LIVE

Испания қаҳрамони Аврупо шуд

Чемпионати Аврупо байни ҷавонони то 21 сола низ ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Дар финал ду дастаи абарқудрати Аврупо Испания ва Олмон вориди майдони рақобат шуданд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «Дачия Арена»-и шаҳри Удинеи Италия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди мунтахаби Испания хатм шуд. Ёдовар мешавем, ки дар финали Чемпионати Аврупо-2017 мунтахаби Олмон тими миллии Испанияро бо ҳисоби минималии 1:0 шикаст дода буд. Мунтахаби Испания бошад, интиқомашро аз Олмон ситонда, исмашро дар таърихи ин мусобиқа сабт намуд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкурро аз ҳама бештар мунтахаби ҷавонони то 21 солаи Испания (5 бор) соҳиб гардидааст.
Чемпионати Аврупо-U21
Финал
Испания - Олмон - 2:1 (1:0)
Голҳо: Руис, 7 (1:0). Олмо, 69 (2:0). Амири, 88 (2:1).
Испания: Сивера, Х.Валехо, Нунес, Агиррегабирия, Фирпо, Себалос, Пабло Форналс (Майорал, 72), Оярсабал (Солер, 55), Рока, Руис (Мерино, 78), Олмо.
Олмон: Нюбел, Та, Клостерманн, Баумгартл, Хенрикс, Озтунали (Рихтер, 72), Дахуд, Амири, М.Эггештайн (Нмеча, 78), Сердар (Нойхаус, 61), Валдшмидт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив