LIVE

“Барса” футболро гузошта, филм таҳия мекунад

Роҳбарияти “Барселона” -  Испания сарпарастон барои истеҳсоли филм меҷӯяд. Ба гуфтаи рӯзноманигор Сике Родригес кормандони “Барселона” бо намояндагони Голливуд якчанд мулоқотҳо баргузор карданд ва метавонанд ба зудӣ дар бораи ҳамкорӣ бо як қатор ширкатҳои синамои ИМА созиш ба даст оранд. “Барселона” синаморо як манбаи нави даромад ва таблиғи бренд мешуморад. Бо шарофати Голливуд, роҳбарияти клуб ба нақша гирифтааст, ки тақрибан 200 миллион евро ба даст орад: 100 миллион - аз ҳисоби лоиҳа, 100 миллиони дигар - аз ҳисоби рушди тиҷорат.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив