LIVE

Гирифторони COVID-19 дар “Ливерпул” ба 3 нафар расид

Ташхиси нимҳимоятгари “Ливерпул” Ҷердан Шақири дар самти COVID-19 ҷавоби мусбат додааст. Шакири қабл аз шомил шудан ба ҳайати тими миллии Швейтсария аз ташхис гузаштааст, ки натиҷаи он маълум кардааст, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Швейтсария хабар додааст. Бозигар пас аз расидан ба қароргоҳи тими миллии кишвараш аз санҷиш гузаштааст, ки натиҷаи ташхис ғайри интизор баромадааст. Айни замон Шакири аз ҳамдастагони хеш дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешавад.  Футболбози шветсарӣ баъд аз Тиаго Алкантара ва Садио Мане севумин бозигари дастаи “Ливерпул” аст, ки мубталои коронавирус мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив