LIVE

Черевченко: Ватан он ҷост, ки дар он таваллуд шудаам

Игор Черевченко пас аз барканор шудани Дмитрий Гунко сармураббии нави “Химки” шуд. Сомонаи sport24 бо Черевченко ҳамсуҳбат гардида буд. Замони ин мулоқот  мутахассиси мазкур ҳанӯз сармураббии дастаи  “Химки” набуд. 
Дар ҳайати Локо шумо ҳам ба ҳайси мураббӣ ва ҳам бозигар Ҷоми Русияро ба даст овардаед. Ҳоло ҳам умед доред, ки ба роҳи оҳанчиён бармегардед?
—Албатта! Ин хонаи ман аст. Имконият шавад - ман боз бармегардам.
Шумо бо Олга Смородская (Президенти дастаи «Локомотив») то ба ҳол дар робита ҳастед ё не?
—Бале. Смородская барои ман ҳамчун як роҳбари сахтгиру серталаб боқӣ мемонад.  Он чизе, ки бо мухлисон рух дод, ҳар куҷо ҳама чиз росту ҳамвор буда наметавонад. 
Шумо ба «Локо» таваҷҷуҳ доред. Дар муноқишаи Семин ва Кикнадзе киро ҷонибдорӣ мекунед?
—Ман Кикнадзеро намедонам, аммо Юрий Палич падари дуюми ман дар футбол аст. Ман бо ӯ гуфтугӯ кардам, мо то ҳол муошират дорем. Чӣ гуна ман метавонам ҷонибдори шахси ношинос бошам?
Миранчук ба «Аталанта» рафт. Нисбати ин гузариш чӣ фикр доред?
— Ин хуб аст. Муҳим, ки барои ӯ ҳама чаиз хуб ҷараён бигирад. «Аталанта» дастаи хуб аст. Дидани бозиҳои ӯ хушҳолкунанда аст.  
Исми онҳое, ки имкони рафтан ба Аврупоро доранд, ба забон оред?
—Баринов, Антон Миранчук, Зелимхон Бакаев, Мирзов. Вале ҷавононро ҳанӯз лозим аст, ки худро нишон диҳанд. Зеро дар як бозӣ хубанд, аммо дар дидори дуюм чашмрас нестанд. 
Шумо дар Тоҷикистон таваллуд шудаед, аммо дар Русия зиндагӣ мекунед. Ватани шумо куҷост?
—Бо боварӣ гуфта метавонам, ки Ватани ман СССР аст. Ман дар Русия зиндагӣ мекунам, дар ин ҷо хона ва оила дорам. Аммо ба ҳар ҳол, Ватан онҷоеро мешуморам, ки дар он таваллуд шудаам.
Ҷолибтарин хотираи хешро аз Тоҷикистон қисса кунед?
— Вақте ки ман дар чемпионати дохилӣ дар як бозӣ 7 гол задам, мураббӣ маро маҷбур намуд, ки дар мавқеи ҳамлагар бозӣ кунам, зеро ҳамлавар набуд. 
Шумо нисбати VAR чӣ фикр доред?
- Ин барои чӣ аст? Барои осон кардани кори доварон? Шумо бояд дар ин бора фикр кунед. Агар ин кӯмак накунад, бигзор барномаро аз нав таҳрезӣ кунанд.
Шумо розиед, ки сатҳи ПЛР коҳиш ёфтааст?
— Каме. Чунин эҳсос мешавад.Бозигарони хуб ҳастанд, аммо ҳақиқатро гап занем, онҳо каме суст шуданд, заифтар шуданд. Вақте ки бозингарони беҳтарин ба ПЛР меоянд, ҳамеша хуб аст, ҷавонон ба онҳо менигаранду таҷриба мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив