LIVE

Президенти Атлетико: Агар Месси хоҳад бо Суарес бозӣ кунад, пас мушкиле нест

Президенти “Атлетико” Энрике Серезо дар бораи гузариши ҳамлагар Луис Суарес ҳарф зад ва инчунин фикри худро дар бораи ояндаи Диего Коста нақл кард.
“Дар зиндагӣ ҳар кас хости худро мекунад. Агар Месси мехоҳад бо Луис бозӣ кунад, пас ман инро мегӯям: агар хоҳишу шавқ бошад, ҳама чиз имконпазир мешавад.
Музокирот дар бораи гузариши Суарес хуб гузашт. Бартомеу дӯсти хуб ва инсони олист. Айни замон дар “Барселона” корҳо хуб нестанд, аммо ӯ тавре рафтор мекард, ки худ мехост. Гузариш душвор набуд, футболбоз мехост дар дастаи мо бозӣ кунад. 
Диего Коста бозигарест, ки “Атлетико” мехоҳад. Мавсим хеле дароз аст. Ман фикр намекунам, ки дар клуб дигаргуниҳои калон ба амал оянд."- иқрор шудааст Энрике Серезо ба радио Cadena Cope.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив