LIVE

Голи Азизҷон Шамсиев «Истаравшан»-ро аз нокомӣ наҷот дод

Агар дастаи футболи «Куктош» дар ин мавсим барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ талош дошта бошад, пас тими футболи «Истаравшан» тамоми қудрати худро сарф дорад то дар Лигаи олӣ боқӣ монад. Ба ҳамин хотир рақобати ин ду тими футбол барои ба даст овардани  имтиёз буд.  «Куктош» дар даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон тими футболи «Истаравшан»-ро дар майдони худ истиқбол гирифт. Меҳмонон дар дақиқаи 4-уми дидор аллакай бартариро ба даст гирифтанд. Отабек Каримов зарбаи ҷаримавиро моҳирона иҷро кард ва тӯбро мустақиман вориди дарвозаи соҳибони майдон гардонид. Дар дақиқаи 20-уми дидор бозигари дастаи «Куктош» Мухсинҷон Абдугаффоров  аз партофти ҳамдастагонаш истифода карда, таносубро барқарор сохт. 3 дақиқа мондан то анҷоми вақти асосии қисмати аввали бозӣ Муҳсин Абудғафоров аз масофаи дур зарба иҷро намуд, ки дарвозабони дастаи “Истаравшан” онро баргардонид, аммо Мбеке Сиебатчеу аз дигарон дида, барвақтар ба тӯб расид ва онро  вориди тӯри дарвозаи меҳмонон сохт. Дар қисмати дуюми рақобат ҳарду ҷониб барои тағйир додани ҳисоб зиёд талош карданд. Дар дақиқаи дуюми иловагии охири рақобат ба бозигари дастаи “Истаравшан” Азизҷон Шамсиев имкон дод, ки ба задани голи ҷавобӣ даст ёбад ва дастаи худро аз нокомӣ наҷот бахшад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив