LIVE

Месси: Шумо сазовори он набудед, ки бо ин тарз аз даста ронда шавед

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси дар бораи рафтани собиқ ҳамдастааш ва яе аз беҳтарин дӯсташ берун аз майдони футбол Луис Суарес аз клуби каталонӣ ба “Атлетико” сухан гуфт. 
«Ман аллакай дар бораи рафтани Суарес тахмин мезадам, аммо имрӯз дар баробари шомил шудан ба ҳуҷраи либосивазкунӣ ба ин боварӣ ҳосил кардам. Мушкил аст, бидуни ту дар майдон ва ҳам берун аз он вақт гузаронидан. Мо шуморо хеле пазмон мешавем. Солҳои зиёде гузаштанд, аз робитаи хуби дӯстиамон, он сари як миз нишастану вақтҳои бо ҳам будан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Шуморо бо пироҳани дигар даста дидан аҷиб хоҳад буд. Шумо яке аз муҳимтарин бозигар дар таърихи клуб маҳсуб меёбад, ки ҳам дар ҳайати даста ва ҳам инфиродӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаед. Шумо сазовори он набудед, ки бо ин тарз аз даста ронда шавед. Аммо ҳақиқат ин аст, ки дар ин лаҳза дигар ҳеҷ чиз маро ба ҳайрат намеорад.
Ба шумо дар ҳайати дастаи нав беҳтарин муваффақиятҳоро таманно дорам. Ман шуморо хеле дӯст медорам. Ба зудӣ вомехӯрем, дӯстам, ”навиштааст Месси дар саҳифаи расмии Instagram-и худ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив