LIVE

Ҷоизаи навбатии Кевин Де Брюйне

Ассотсиатсияи футболбозони касбӣ (PFA) -и Англия беҳтарин бозигари мавсим дар Премйер Лигаро эълон кард. Нимҳимоятгари "Манчестер Сити" - Кевин Де Брюйне ба ин унвон сазовор дониста шуд. Ин ҷоиза бо овоздиҳии худи бозингарон дода мешавад. Қаблан де Брюйне беҳтарин футболбози мавсим дар Премйер Лига эълом шуда буд. Аз нигоҳи  хабарнигорони бритонӣ Ҷордан Ҳендерсон беҳтарин бозигари Премйер-лига шуд. Мухлисон бошад, овози худро ба Мане доданд. 
Номзадаҳо барои дарёфти ин унвон чунин буд: Раҳим Стерлинг ва Кевин де Брюйне аз  «Манчестер Сити» ва  Трент Александер-Арнолд, Вирҷил ван Дейк, Ҷордан Хендерсон ва Садо Мане ҳама аз «Ливерпул».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив