LIVE

“Реал” бо нишони қаҳрамонӣ ба майдон мебарояд

Дар пироҳанҳои бозигарони дастаи “Реал Мадрид” нишони махсус гузошта мешавад, ки қаҳрамони феълии кишварро нишон медиҳад, менависад сайти расмии Ла Лига.
Ин бори аввал аст, ки дар таърихи худ, клуби мадридӣ  бо чунин рамзи махсус баромад мекунад.  Бозингарон дар тамоми вохӯриҳои Ла Лига дар мавсими солҳои 2020/2021 бо либоси рамзи махсуси қаҳрамонӣ дошта, баромад мекунанд. 
Ин ташаббусро Ла-Лига ду сол пеш рӯи даст гирифта буд. Аз сабабе, ки ду сол пайёпай “Барселона” дар мавсимҳои 2017/2018 ва 2018/2019 қаҳрамони Испания гардид, бо ин рамз баромад мекард.  Ҳамин тариқ, клуби каталонӣ аввалин шуда бо рамзи махсуси қаҳрамонӣ майдондорӣ карда буд. Ҳамакнун дар мавсими нав нишони фахрии қаҳрамониро “Реал” дар пироҳанҳои худ ҷой медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив